илм
111академизм — [اکدميزم] ю. кҳн. пурра ба анъана дода шудан ё аз паси назария шуда, аз амалия дур гаштан дар соҳаи илм …
112академик — [اکدميک] ю. узви пайвастаи (ҳақиқии) академияи илмҳо …
113аллома — [علامه] а. донишманди калон, олими олимон; сарвари аҳли илм …
114анатомия — [انتاميه] ю. тиб. илми ташреҳ, илм дар бораи сохт ва инкишофи бадан: анатомияи одам, анатомияи ҳайвонот, анатомияи растанӣ …
115арабшиносӣ — [عرب شناسي] маҷмӯи илмҳое, ки забон, адабиёт ва маданияти арабҳоро меомӯзад …
116арбоб — [ارباب] а 1. ҷ. рабб 2. ходими фаъоли ягон соҳаи маданият ё ҳукумат, корманди намоёни соҳаҳои гуногун: арбоби адабиёт, арбоби давлат, арбоби илм 3. таър. калони деҳа ё ягон маҳаллаи шаҳру ноҳия; оқсақол; арбоби деҳа калони қишлоқ 4. хӯҷаин, соҳиб …
117арифметика — [اريفمتيکه] ю. илм дар бораи ададҳо ва амалиёти доир ба онҳо, илми ҳисоб, илми шумор …
118асабшиносӣ — [عصب شناسي] тиб., биол. гурӯҳи илмҳо дар бораи сохтор ва низоми кору табобати бемориҳои системаи асаб, неврология …
119аспирант — [اسپيرنت] лот. он ки ба донистани чизе мекӯшад; касе, ки дар аспирантураи донишкадаҳои олӣ ва муассисаҳои илмии тадқиқотӣ ба фаъолияти илмӣ тайёрӣ мебинад …
120аспирантура — [اسپيرنتوره] лот. яке аз намудҳои тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ ва илмӣ барои мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмии тадқиқотӣ …